Муҳити зисти организмҳо ва омилҳои асосии онҳо

Муҳити зисти организмҳо. Ҳамон қисми табиатро, ки дар он организмҳо зиндагӣ мекунанд, ба таъсири он дучор мешаванд ва худашон низ ба он таъсир мерасонанд, муҳити зист меноманд. Ҳамаи организмҳо, ки дар шароити муайяне зиндагӣ мекунанд, тамоми мавҷудоти зиндаву ғайризиндаи атрофи онҳоро дар бар мегиранд.

Ҳамон шароитҳое, ки ба организмҳо таъсир мерасонанд, омилҳои муҳит номида мешаванд. Онҳо ба се гурӯҳҷудо карда мешаванд: омилҳои ғайризинда, омилҳои зинда, омилҳое, ки ба фаъолияти инсон вобаста мебошанд.

Омилҳои ғайризинда. Ҳамаи ҷузъҳои таркибии табиати ғайризинда: ҳарорат, рӯшноӣ, намӣ, фишор, бод, таркиби намак, ҳаво ва дигар унсурҳои иқлимро дар бар мегирад. Асоситарини ин омилҳо, масалан, рӯшной, ҳарорат ва намӣ сабабгори паҳншавии намудҳои гуногуни растаниҳо ва ҳайвонот дар рӯйи замин мегардад. Омилҳои дигар, масалан, хок, релеф, фишор, миқцори боришот одатан ҳосилшавии ҷамоаи растаниҳо ва намудҳои ҳайвоноти ҷойи зисти онҳоро низ муайян мекунанд!

Ба шумо маълум аст, ки дарахтони санавбар одатан дар заминҳои регии порухокашон кам ва дарахтони булут дар хокҳои моддаҳои минералиашон зиёд месабзанд. Бинобар ин дар бёшазори булут намудҳои гуногуни дарахтон, буттаҳо, алафҳо бисёранд ва ҳайвоноти он низ гуногунранг мешаванд. Дар булутзор намудҳои гуногуни ҳашаротҳо, парандагони ҳашаротхӯр, хояндагон, дарандагон ва ширхӯрони сумдор зиндагӣ мекунанд.

Омилҳои зинда. Ҳамаи намудҳои мавҷудоти зиндаро, ки байни худ робитаи зич доранд ва ба ҳамдигар таъсир мерасонанд, дар бар мегирад. Байни намудҳои организмҳои гуногун, аз ҷумла байни растаниҳо ва ҳайвонот робитаю муносибатҳои гуногун вуҷуд доранд. Асоситарини онҳо робитаи хӯрокй мебошад. Растаниҳои сабз дар рӯшноӣ аз ҳаво гази карбонатро гирифта, аз моддаҳои ғайриузвӣ моддаҳои узвӣ ва гази оксигенро ҳосил мекунанд. Моддаҳои узвии растаниҳоро тамоми ҳайвоноти растанихӯр (ҳайвонҳои бесутунмуҳра, парандагон, хояндагон, сумдорон ва ғайра) истеъмол мекунанд. Ғайр аз ин, оксигене, ки растаниҳо аз худ ҷудо мекунанд, барои нафасгирии тамоми ҳайвоноти рӯйи замин зарур мебошад.

Робитаи муносибатҳои байни ҳайвонот низ хеле гуногун мешавад. Масалан, ҳайвоноти як намуд фарди дигар намудро мехӯранд. Байни гурба ва муши хонагӣ муносибатҳое ба вуҷуд омаданд, ки ба даранда ва тӯъма хос аст. Дар байни организмҳои гуногун боз муносибатҳое (муфтхӯрӣ) вуҷуд дошта метавонанд, ки дар ин маврид яке аз онҳо муфтхӯр буда, намуди дигарро (хӯҷаин) ҳамчун манбаи хӯрок ё ки муҳити зисти доимӣ ё муваққатӣ истифода мебарад. Дар байни ҳайвонот ва растаниҳо муфтхӯрони (паразитҳои) зиёд вомехӯранд. Масалан, кирми ҷигармак, бандкирми гов, кирми меъда, замбӯруғҳои гуногун, бактерияҳо ва ғайра. Дар байни оргаиизмҳои зинда муносибатҳои фоидаовари байниҳамдигарӣ ҳам мушоҳида карда мешаванд, ки дар ин ҳолат фаъолияти ҳаётии як намуд ба намуди дигар мусоидат мекунад. Масалан, дар болои харчанг рӯдаковоки баҳрӣ, актиния нишаста якҷоя зиндагӣ мекунанд. Чунин муносибат дар байни растаниҳо ва ҳашаротҳои онҳоро гардолудкунанда низ вуҷуд дорад.

Бояд қайд кард, ки муносибатҳои байни организмҳои гуногун чунон мураккаб мебошанд ва ба ин ё он намуд фоидаовар ё зараррасон будани онҳоро муайян кардан душвор аст. Масалан, ҳашароти болиғи як намуд растаниро гардолуд мекунад, лекин кирминаи он ин растаниро мехӯрад. Агар муносибати байни даранда ва тӯъмаро ба таври умумӣ таҳлил кунем, аниқгуфта метавонем, ки робитаи хӯрока натанҳо барои даранда, балки барои тӯъмаи онҳо низ фоиданок аст. Дарандагон одатан ҳайвони касал ва лоғарро мехӯранд ва сабаби мураккабшавии босуръат афзоишкунии ин ҳайвонот мешаванд. Ҳамин тариқ, дарандагон дар ҷамоаи табиӣ – танзимкунандаи микдори ҳайвоноти алафхӯр ба шумор мераванд ва ба сабзидани растаниҳо низ мусоидат мекунанд.

Омилҳое, ки ба фаъолия ги инсон вобаста мебошанд. Фаъолияти инсонро, ки ба ҳаёти организмҳо таъсир мерасонад, омили антропогенӣ меноманд. Ба ин омил ҳамаи таъсироти бевосита ва бавоситаи инсон мансубанд. Ҳангоми шикор, моҳигирӣ, сохтани обанборҳо ва ғайра микдори зиёди ҳайвонот нобуд мешаванд. Дар вақти буридани ҷангал инсон ҳайвонотро бевосита нобуд намекунад, лекин баъзе намудҳо дар чунин шароит дигар зиндагӣ карда наметавонанд, вале дигар намудҳо, баръакс, имконияти бошидда г афзоиш карданро пайдо мекунанд. Дар солҳои охир таъсири омилҳои антропогенӣ торафт зиёд шуда истодааст. Омилҳои муҳит доимӣ нестанд, аксарияти онҳо дар тӯли шабонарӯз (масалан, ҳарорат, равшанӣ, фишор) ва давоми мавсимҳои сол (ҳарорат, давомияти рӯз, қабати барф) тағйир меёбанд. Ниҳояттағйироти иқпимӣ низ ба вуҷуд меояд, ки дар давоми солҳои тӯлонӣ рӯй медиҳанд.

Тағйиротҳои гуногун дар ҳаёти растаниҳо ва ҳайвонот низ рӯй медиҳанд. Як намуди растанӣ аз аввали фасли баҳор, дигараш дар охири моҳи аввал гул мекунад. Ҳайвонот низ аз рӯйи фаъолияти ҳаёташон ба рӯзгард ва шабгард ҷудо карда мешаванд. Дар фасли зимистон фаъолияти ҳаётии бисёр растаниҳо қатъ мегардад, аксарияти ҳайвонот ба хоби зимистона мераванд, қисми дигарашон фаъол мемонанд ва ҷойи зисти худро дигар мекунанд.

§48. Тағйироти мавсими дар ҳаёти ҳайвонот

Мавсимият. Ин хусусияти хоси табиати зинда буда, дар асоси тағйироти омилҳои ғайризинда (ҳарорат, рӯшноӣ ва ғайра) дар давоми сол ба вуҷуд меояд. Ин ҳодиса дар натиҷаи ивазшавии мунтазами фаслҳои сол дар арзҳои муътадил ва шимолӣ махсусан равшан зоҳир мешавад. Дар фаслҳои баҳор ва тобистон ҳамаи ҳайвонот афзоиш мекунанд, насл медиҳанд ва дар тобистону тирамоҳ ба зимистон тайёрӣ мебинанд.

Мутобиқати ҳайвонҳои хунсард ба зимистоиғузаронӣ. Ҳайвоноти хунсард (масалан, ҳашарот, моҳиҳо, обхокиҳо, хазандагон) зимистонро дар ҳолати ғайрифаъоли оромии зимистонӣ мегузаронанд. Дар организми онҳо тағйироте ба амал меояд, ки бармаҳал аз тобистон оғоз меёбад. То тирамоҳ дар бадани онҳо захираи моддаҳои ғизоӣ (равған) меафзояд ва аз ҳисоби онҳо мубодилаи моддаҳо суст давом меёбад. Дар ҳуҷайраҳои онҳо микдори об кам мешавад. Бо вуҷуди чунин тайёрӣ, бисёр ҳайвоноти сардхун дар паноҳгоҳҳои махсус зимистонро мегузаронанд, ки ба онҳо шароити қаҳратуни зимистон он қадар сахт таъсир намекунад.

Мутобиқати ҳайвоноти гармхун ба зимистонгузаронӣ. Ҳайвоноти гармхун парандагон ва ширхӯрҳо мебошанд. Онҳо нисбат ба ҳайвоноти сардхун ба хунукшавӣ қобилияти зиёдтар доранд. Ҳарорати доимии бадани онҳо бо шиддати баланди мубодилаи моддаҳо таъмин мешавад. Барои доимй нигоҳ доштани ҳарорат дар онҳо чунин хусусиятҳо, ба монанди рӯйпӯши гарминигаҳцор (пат, пар, пашм), равғанбандии тана ва ғайра пайдо мешаванд. Барои он ки дар шароити зимистон гармидиҳӣ кам шавад, тирамоҳ онҳо тӯлак мекунанд – пашми тобистонаи ширхӯрон ва пари парандагон ба зимистонаи ғафстар иваз мешавад.

Ҳайвоноти гармхуне, ки дар фасли зимистон худро бо хӯрок таъмин карда метавонанд, ба ҳолати оромии зимистона намеафтанд. Ширхӯрҳое, ки дар шароити зимистон хӯрок пайдо карда наметавонанд, масалан, хирсҳо хоб мераванд. Хоби мавсимӣ ҳолати фаъолияти ҳаётии паст буда, дар ҳайвоноти гармхун дар мавридҳое фаро мерасад, ки агар хӯрок кам ва нигоҳ доштани фаъолияти пуршиддат ва мубодилаи бошиддати моддаҳо имконнопазир бошад. Ҳайвонҳо пеш аз хоби мавсимӣ дар организми худ моддаҳои ғизоӣ, асосан равған (то 40% – и вазни бадан) захира мекунанд ва паноҳгоҳ месозанд. Хазандагон дар холигиҳои қабати замин пинҳон мешаванд.

Парандаҳое, ки дар шароити зимистон худро бо хӯроктаъмин карда наметавонанд, ба кишварҳои гарм парида мераванд.

Танзими тағйироти мавсимӣ дар ҳаёти ҳайвонот. Мавҷудияти робитаи тағйироти мавсимӣ дар ҳаёти ҳайвонот бо рафти мавсимии ҳарорат ба мушоҳида мерасад. Баҳорон, вақте ки ҳавои гарм фаро мерасад, парандаҳои кӯчӣ парида меоянд, ширхӯрҳо аз хоби мавсимӣ бедор мешаванд, ҳайвоноти сардхун аз ҳолати карахтӣ мебароянд. Т ирамоҳ баробари фаро расидани сармо дар онҳо ҳодисаи баръакс рӯй медиҳад. Вале тайёрии ҳайвонот ба зимистонгузаронӣ ҳанӯз тобистон, вақте ки барои онҳо шароити мусоид мавҷуд аст, оғоз меёбад. Маълум аст, ки тағйироти мавсимиро дар организм ҳарорат танзим мекунад. Муқаррар шудааст, ки омили асосии танзимкунандаи тағйироти мураккаби мавсимӣ дар ҳаёти ҳайвонот ва растаниҳо ивазшавии натанҳо ҳарорати солона, балки тағйироти қонунии солонаи давомнокии рӯз мебошад. Тағйир ёфтани дарозии рӯз хабаре мебошад, ки тағйироти мавсимии ояндаро дар организм муайян мекунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.